Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Хонаводаҳое, ки дар ин гармои тоқатфарсо кондитсионер надоранд, гарморо чӣ гуна пуштисар мекунад ва худу фарзандонашро чигуна аз гармӣ эмин нигаҳ медоранд?
Як сокини 36-солаи ноҳияи Фархор, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст, аз тири сарбозони нерӯҳои сарҳадӣ захмӣ шуда, дар бемористон ҷон бохтааст. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳодиса шаби 12-уми июл рух дод.
Ба унвонии Радиои Озодӣ аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе шикоятҳо аз камбуд ва ё набуди оби ошомиданӣ мерасад. Яке аз минтақаҳое, ки пайваста аз мушкили беобӣ азият мешавад, шаҳри Кӯлоб аст.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади яке дигар аз кӯдаконеро пайдо кардаанд, ки модарашон онҳоро ба ҳамроҳ бо худ ба рӯдхона андохт.
Дар маркази ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд, то ҳаракати нақлиёт ба танзим дарояд. Раиси ноҳия аз он тавсиф мекунад, ки бо ёрии дурбинҳо чанд ҷиноятро ошкор кардаанд. Аммо сокинон метарсанд, ки дурбинҳо баҳонае барои ҷаримаи кардани онҳо мешавад.
Як пуле бар фарози рӯди Яхсу дар ноҳияи Восеъ дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ нимвайрона шудааст ва ду сол боз баҳси бозсозии он ба натиҷае намерасад.
Рӯзи 5 июн дар остонаи Иди Қурбон молбозори шаҳри Кӯлоб сермуштарӣ буд, вале бисёриҳо аз гарон будани нархи гусфанди қурбонӣ изҳори нороҳатӣ мекарданд. Гусфандеро, ки ба гуфтаи онҳо то ду ҳафта пеш 2400 сомонӣ буд, ҳоло ба 2800 сомонӣ пешниҳод мекарданд.
Бостоншиносон дар ҷануби Тоҷикистон ашёи қадимаеро пайдо кардаанд, ки нишон медиҳад, дар қаламрави кишвар он замон мардум Буддоро мепарастиданд. Ҳафриёт дар ноҳияи Фархор идома дорад, ки ба гуфтаи бостоншиносон, мумкин аст, зери он як замон шаҳраке ё маҳаллаи бузург буд.
Бостоншиносон дар ҷануби Тоҷикистон ашёи қадимаеро пайдо кардаанд, ки нишон медиҳад, дар қаламрави кишвар он замон мардум Буддоро мепарастиданд. Ҳафриёт дар ноҳияи Фархор идома дорад, ки ба гуфтаи бостоншиносон мумкин аст, зери он як замон шаҳраке ё маҳаллаи бузург буд.
Беш аз нисфи сокинони ноҳияи Темурмалик дар вилояти Хатлон аз нарасидани оби ошомиданӣ ранҷ мекашанд. Бошандагони ин ноҳия кӯшиш мекунанд аз ҳар роҳе, азҷумла кандани чоҳ худро бо об таъмин кунанд. Мақомот мегӯянд, баъзе талоши онҳо барои ҳалли мушкил ноком монд.
Дар ноҳияи Темурмалик мардуми зиёде ҳар тобистон обро мехаранду захира мекунанд, зеро шабакаҳои обёрӣ ва оби пок надоранд. Мақомот мегӯянд, барои рафъи ин мушкили сахт саъй доранд, вале пули зиёде ҳам барои ин кор лозим аст.
Беш аз 400 тоҷири бозори «Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, баъди қариб се моҳ ба дуконҳои худ баргаштанд. Бозори “Ҳулбук” моҳи феврали имсол бо дастури мақомот муваққатан баста шуда буд ва акнун корашро азсар гирифтааст.
Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон иҷозат доданд, то яке аз калонтарин бозорҳо дар ноҳияи Восеъ дигарбора ба кор оғоз кунад. Кори ин бозор барои ҷой доштани камбудиҳо мутавақиф шуда буд. Ҳоло тоҷирон ҳақ доранд, ҳафтае ду маротиба маҳсулоти худро ба фурӯш бароранд.
Дар ноҳияи Фархор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дидбонгоҳи нави марзие сохтаанд, ки ҳадаф аз он роҳ надодан ба қочоқу унсурҳои ҷиноӣ ва гуруҳҳои ифротӣ ба қаламрави кишвар аст. Ҳукумати Тоҷикистон аз бими сирояти ноамнӣ аз Афғонистони ҷангзада солҳои ахир муҳофизати марзро тақвият мекунад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои нуҳ тан аз донишҷӯёни собиқаш барои ҳозир нашудан ба ҷойҳои корӣ, ба додгоҳ шикоят бурдаст.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои нуҳ тан аз донишҷӯёни собиқаш барои ҳозир нашудан ба ҷойҳои корӣ, ба додгоҳ шикоят бурдаст. Баъзе хатмкунандаҳо мегӯянд, маош кам аст ва барои ҳамин ба ҷойи кор ҳозир шуда натавонистанд.
Аҳмадҷон яксола аст ва қадамҳои аввалини худро мегузорад. Абдувалӣ Давлатов ва ҳамсараш Муқаддас ӯро ҳашт моҳ пеш ба фарзандхонӣ гирифтанд.
Ёфтҳои бештар