Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ду ҷавони нобино аз ноҳияи Ҳамадонӣ се сол боз касеро меҷӯянд, ки бо баҳонаи харидан, мошинашонро бурд, вале на пул доду на пас гардонд. Талошҳои падари ду ҷавон барои пайдо кардани мошин ва харидор бенатиҷа будааст.
Дар шаҳри Кӯлоб, ки мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ дар он зиёд аст, ба бунёди истгоҳҳои нави автобус шуруъ кардаанд. Дар ин шаҳр, ки бештар аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад, то чанд вақти пеш истгоҳи автобус аҳёнан ба назар мерасид, чун бисёре аз онҳоро вайрон карда буданд.
Як мақомдори баландпояи соҳаи тандурустӣ дар Кӯлоб бо гумони истифода аз силоҳи ғайриқонунӣ ва таҳдид ба кӯдакон боздошт шудааст.Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Абдураҳмонов ба “авбошӣ” айбдор шудааст. Назари худи боздоштшуда ва наздиконаш дастрас нест.
Мақомоти интизомӣ Бобохон Абдураҳмонов, сардори яке аз дармонгоҳҳои Кӯлоб ва ва мудири шуъбаи тандурустии ҳукумати шаҳрро бо иттиҳоми авбошӣ боздошт кардаанд.
Дар садамаи марговаре дар Кӯлоб 11 нафар кушта ва маҷрӯҳ шудаанд. Нозирони роҳ гуфтаанд, ки садама бо гуноҳи ронандаи 27-сола рух додааст, ки бо суръати баланд ҳаракат кардааст. Ӯ ва се мусофири дигар сахт маҷрӯҳ шуда, зинда мондаанд, вале ҳафт мусофир дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.
Дар садамаи мудҳише дар деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб ҳафт нафар ба ҳалокат расида чор нафар маҷруҳ шудаанд.
Аз тасодуфи маргбор дар шаҳри Кӯлоб тақрибан як сол сипарӣ шуд. Дар он ҳодиса беш аз 20 нафар ҷон бохтаву маҷруҳ шуданд. Ҳукумат барои осебдидагон хона сохт, аммо сокинон мегӯянд, ҳанӯз ба ҷойи нав одат накардаанд.
Се духтари наврас дар деҳаи Боғистони ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 22-юми июн ҳангоми оббозӣ дар яке аз кулҳои ин деҳа ғарқ шуда, фавтидаанд.
Миқёси зарари сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор шумурда шудааст. Ин шабу рӯз ҳашари мардум барои поккории хонаҳои селзада ҷараён дорад.
Миқёси зарари сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор шумурда шудааст. Ин шабу рӯз ҳашар барои поккории хонаҳои селзада ҷараён дорад. Ҳамаи аксҳо аз деҳаи Сурхоб аст.
Рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳия Фархор.
Дастгоҳҳои фарсудаву бозмонда аз Шӯравии собиқ, ки то соли 2005 аз қаъри замин дар ноҳияи Балҷувон нафт мекашиданд, акнун барои баровардани об истифода мешаванд.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Балҷувон, барои баровардани нафт то 6 ҳазор метр заминро кофт.
Дар ноҳияи Фархор баҳсу кашмакаши додгоҳӣ барои як роҳе идома дорад, ки ба гуфтаи мақомот се нафар порчаҳое аз онро ғасб кардаанд. Додгоҳ амр додааст, ки қисме аз деворҳои хонаҳои се сокини деҳаи "Тоҷикистон" -ро бардоранд, зеро ба ҳаракати мардум халал мерасонад, вале яке аз сокинон норозист. Чаро?
Ҳосили зиёд нархи пиёзро дар бозорҳои Тоҷикистон поин овардааст. Аз ин арзонӣ деҳқонон чандон хушҳол нестанд. Чаро?
Даҳҳо сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор дар сели субҳи 25-уми май хонаҳояшонро аз даст доданд.
Сел дар як деҳаи ноҳияи Фархор даҳҳо хонаро вайрон кардааст. Сокинони Сурхоб мегӯянд, фалокат 25-уми рӯй дод. Ба нақли онҳо, баъзе аз хонаҳо пурра зери об монда, зиндагӣ дар баъзеи дигар имконнопазир шудааст. Як кумисюн зиёнро ҳисоб дорад. Хабарнигори Озодӣ ба ҷои ҳодиса рафт ва ин аксҳоро фиристод.
Пеш аз ҳамла ба "Крокус", аз Фурудгоҳи Кӯлоб ба Русия дар як рӯз то 4 ҳавопаймо парвоз мекард. Аксаран аз ширкати “Ural Airlines”. Баъди ҳамла вазъ дигар шуд. Дар ин миён баъзе рӯзҳо парвозҳо анҷом намешуданд, чун мусофир набуд. Дар як ҳафтаи ахир парвозҳо зиёдтар шудаанд, аммо ҳафтае фақат як бор.
Як комиссияи вижаи ҳукуматӣ барои ҳисоби зарари расида аз сел ба ноҳияи Нуробод рафтааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон огоҳ кард, ки 22-юми май хатари омадани сел, резиши сангу рег ва ярч вуҷуд дорад. Ҳоло мардум дар Фархору Восеъ, Ҳисору Ваҳдат ва дигар минтақаҳо бо оқибатҳои сели 18 май даст ба гиребонанд.
Ёфтҳои бештар