Додгоҳе дар Туркия раиси шаҳри Истамбул Акрам Имомоғлуро аз рӯи иттиҳоми таҳқир ва таҳдиди додситони шаҳр ба 1 солу 8 моҳ ҳабс маҳкум кард. Салоҳиятҳои Имомоғлу баъди ҳабси ӯ боздошта шуд ва ба иттилои матбуоти Туркия, айни замон, фаъолияти сиёсии Имомоғлуро маҳдуд накардаанд. Ҳабси Имомоғлу боиси эътирозҳои серҷамъияти тарафдоронаш шудааст.
Баҳонаи боз кардани парванда сӯҳбатҳои раиси шаҳр дар бори додситони калони шаҳри Истамбул Акин Гюрлек дар моҳи январи соли 2025 будааст. Имомоғлу, ки мухолифи асосии президенти Раҷаб Тайиб Эрдуғон мебошад, ҳама иттиҳомҳоро рад мекунад. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки зидди сӯиистифода аз низоми додгоҳӣ ва ба ҳайси василаи сиёсӣ истифода шудани он мубориза бурдааст. “Ин чиз воқеан ҳам таҳқири миллати мо аст”, гуфт Имомоғлу.
Ӯро 19 марти имсол, чанд рӯз пеш аз интихоботи ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумии Туркия боздошт карданд, ки бояд номзад ба президентӣ дар интихоботи соли 2028-ро интихоб мекард. Бо вуҷуди ҳабси Имомоғлу, ҳизбаш маҳз ӯро чун номзади худ пешбарӣ кардааст.
Мақомоти Туркия раиси шаҳри Истамбулро дар ташкил ва раҳбарии созмони ҷиноӣ, ришвадиҳӣ, қаллобӣ ба ҳангоми барпо кардани тендер ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти хусусӣ муттаҳам кардааст.
Ба ғайр аз ин Имомоғлуро инчунин дар мусоидат ба терроризм гумонбар медонанд. Ӯву се нафари дигарро дар иртибот бо Ҳизби коргарии Курдистон, як ташкилоти мамнӯъ дар Туркия муттаҳам мекунанд. Мурофиа аз рӯи ин иттиҳомҳо ҳанӯз шурӯъ нашудааст.