Пешниҳод барои эм кардани муҳоҷирон зидди менингит дар Русия

Акс аз бойгонӣ

Шӯрои ҳуқуқи башари тобеи раиси ҷумҳури Русия қасд дорад, масъалаи ваксинзании муҳоҷиронеро, ки нияти кор дар қаламрави ин кишварро доранд, баррасӣ кунад. Дар ин бора Олга Демичова, як узви ин шӯро рӯзи 17-уми июл хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби дар миён гузоштани ин масъала, хуруҷи бемории менингит аст, ки гӯиё муҳоҷирон ҳам ба Русия овардаанд. Менингит илтиҳоби пардаҳои муҳофизатии мағзи сар аст, ки дар сурати бемуолиҷа гузоштан то ба марг мерасонад.

Дафтари матбуоти Шӯрои ҳуқуқи башари Русия суханони Олга Демичоваро овардааст, ки гуфтааст: “Масъалаи амният ва пешгирӣ аз хуруҷи чунин беморӣ ба ваксинзании аҳолии Русия ва ваксинзании ҳатмии онҳое робита мегирад, ки мехоҳанд, дар қаламрави кишвари мо кор кунанд, то ки ин одамон сарчашмаи бемориҳои сироятӣ набошанд".

Чанде пеш Владимир Чуланов, сартабиби бемориҳои сироятӣ дар вазорати тандурустии Русия гуфтааст, ки аз аввали имсол то кунун дар Русия 1200 мавриди сирояти менингит сабт шудааст, ки назар ба соли гузашта ду баробар бештар аст.

Ба иддаои Чуланов, сабабгори хуруҷ муҳоҷирони корие ҳастанд, ки ба Русия меоянд. Хабари мазкур дар пасманзари авҷ гирифтани муҳоҷирситезӣ дар Русия дар расонаҳои ин кишвар нашр мешавад, ки ҳомиёни ҳуқуқ онҳоро ба бадномсозии муҳоҷирон муттаҳам мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳомии ҳуқуқ: Баъди ҳамла ба "Крокус" дар Аврупо ҳам ба паноҳҷӯёни тоҷикистонӣ таваҷҷуҳ бештар шуд "Муҳоҷирон аз маошашон бештар пул нафиристанд"Эҳтимоли коҳиши интиқоли пул ба Тоҷикистон дар се соли ояндаДар Русия аз муҳоҷирон боҷи нав меситонанд