Дар роҳҳои Тоҷикистон рӯзона як ё ду нафар ба ҳалокат мерасанд

Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар муддати камтар аз ду рӯз 10 нафар ҷон бохта ва чаҳор тани дигар захм бардоштаанд.

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 14-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ теъдоде аз садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои маргборро тасвир кардааст, ки рӯзҳои 12-ум ва 13-уми июл дар гӯшаҳои гуногуни кишвар сурат гирифтаанд.

Дар миёни қурбониён зоҳиран се узви як хонавода аз ноҳияи Вахш низ ҳастанд, ки дар натиҷаи садамаи моторолер ҷон додаанд. Дар баёния омадааст, фалокат рӯзи 12-уми июл дар ноҳияи Вахш ба вуқуъ пайвастааст.

Раҷабалӣ Саидалиев, ронандаи мотороллери "Муравей" ҳамроҳ бо 9 мусофире, ки дошт, ба чуқурӣ афтодаанд, ки дар натиҷа се мусофир, ки ғолибан хоҳаронанд, ҳалок шудаанд ва чаҳор нафари дигар чароҳат бардоштаанд.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.

Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 552 нафар ва ё рӯзона аз як то ду кас дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, ё дар ҷойи ҳодиса ва ё дар шифохона ҷон додаанд.