Дар ҳамлаи Русия ба Украина 2 кас кушта ва 27 тан захмӣ шуданд

Шаҳри Добропиляи вилояти Донетск. 16 июли 2025.

Шоми 16-уми июл нерӯҳои ҳавоии Русия ба маркази шаҳри Добропиляи вилояти Донетски Украина бомба партоб карданд.

Зарба тақрибан соати 17 дар маркази савдои "Аврора" замоне сурат гирифт, ки сокинон аз кор бармегаштанд ва мардуми зиёде дар ин марказ ҳузур доштанд.

Вадим Филашкин, раҳбари маъмурии вилояти Донетск хабар дод, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии Русия ба шаҳри Доброполии вилояти Донетск, дастикам ду нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, ин бомбаи 500-килограмӣ, ки партоб шуд, ҳадафаш маркази тиҷоратӣ дар маркази шаҳр будааст.

Дар натиҷа 54 нуқтаи савдо, 304 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 8 автомашина зарар дидаанд.

Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ин ҳодисаро "терроризми аблаҳонаи Русия" номид.