Дар ҳамлаҳои Русия ба Донетск 2 кас кушта ва 27 кас захмӣ шудааст

Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба шаҳри Доброполйеи вилояти Донетск дастикам ду нафар куштаву 27 кас захмӣ гардиданд. Дар ин бора Вадим Филашкин, раиси маъмурияти ҳарбии вилоят хабар дод.

Ӯ гуфт, ки ба ин шаҳр бомбаҳои ҳавоии 500-килограммӣ партоб шуд ва ҳадафи он як фурӯшгоҳи азиме дар маркази шаҳр будааст. Дар натиҷа, 54 дӯкон, 304 манзил ва ҳашт мошин осеб дидааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳодисаи рухдодаро «як террори аблаҳонаи русӣ» номид ва гуфт, ки ин ҳамлаҳо ҳеҷ арзиши ҳарбӣ надоранд. Ӯ гуфт: «Ҳеҷ арзиши ҳарбие дар ин ҳамлаҳо нест – ин танҳо талоши куштани мардуми зиёд аст.

Русияи имрӯза пур аз чунин ҳамлаҳо аст. Мо посух хоҳем дод. Бо ҳампаймоҳо ба хотири ба хатми ҷанг водор кардани Русия ҳамкорӣ хоҳем кард».